28 Октябр 2022 - 19:46
Ҳушдори Аврупо ба Илон Маск: «Парандаи обӣ» бо қонунҳои мо парвоз мекунад

Комиссари бозори дохилии Иттиҳоди Аврупо хитоб ба Илон Маск, ки ба тозагӣ Твиттерро харидорӣ кардааст, ҳушдор дод, ки ин платформа бояд аз қонунҳо пайравӣ кунад.

Як мақоми Иттиҳоди Аврупо, ки кори назорат бар муқаррароти интернетро бар ӯҳда дорад, имрӯз (ҷумъа) ба Илон Маск, раиси ҷадиди Твиттер ҳушдор дод, ки ин шабакаи иҷтимоӣ бояд тибқи қонунҳои ин иттиҳодия дар Аврупо амал кунад.

Ба гузориши «Раша Тудей», комиссари бозори дохилии Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба навиштаи Илон Маск, мабнӣ бар ин ки «паранда озод шудааст», дар твитте навишт: Дар Аврупо паранда тибқи қавонини мо (Иттиҳоди Аврупо) парвоз хоҳад кард».

Гуфтанӣ аст, Иттиҳоди Аврупо қавонини муҳимеро бо ҳадафи маҳори қудрати ғулҳои фанноварии Амрико ҷорӣ карда ва дар мавориде онҳоро водор мекунад муҳтавои ғайриқонунӣ ё зараровари худро бо диққати бештаре ғирбол кунанд.

Илон Маск пас аз хариди Твиттер гуфтааст, қасд дорад Твиттерро ба майдоне диҷиталӣ табдил кунад, ки дар он ақоиди гуногун ба шевае солим ба иштирок гузошта шуда ва дар бораи онҳо бо озодӣ баҳс мешавад. Ӯ мутааҳҳид шудааст таъдили муҳтаворо ба ҳаддиақал бирасонад.

Интизор меравад, бо шуруи ин тағйирот, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико, ки ҳисоби корбариаш пештар дар Твиттер ҳазф шуда буд, дубора ба ин шабака бозгардад.

Дар ин миён бархе нигарони афзоиши азияту озори онлайн дар фазои Твиттер ҳастанд, зеро худи Маск ҳам ба трол кардани корбарон маъруф аст.

342/